«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои муҳими мамлакат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсат ва соҳибкорӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ин нукта дар конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол», ки дар шаҳри Левакант баргузор гардид, баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида шуда, ҳадафаш аз арҷгузорӣ ба мақоми зан дар ҷомеа, тақвияти нақши онҳо дар тамоми соҳаҳо ва ҳавасмандгардонии занону духтарон ба зиндагии шоиста ва фаъолияти созанда иборат буд.
Зимни конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир, дастовардҳои занон дар замони истиқлол, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба тақвияти мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ сухан гуфт.
Дар доираи конфронси ҷумҳуриявӣ ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои занони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон бо маҳсули ҳунар ва эҷодиёти занону духтарони ҳунарманд шинос шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






