Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд

Сентябрь 29, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест — 2025» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳо марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба масъулон барои иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Форум яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар самти ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Он барои муаррифии имконият, иқтидори сармоягузории пойтахти мамлакат ва густариши ҳамкории байналмилалӣ шароит фароҳам меорад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 29, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд