Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд

Сентябрь 2, 2025 09:47

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таъкид намуданд.

Муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар навбати худ изҳор доштанд, ки “дӯстию бародарии мову шумо ва мардумони Покистону Тоҷикистон аз қалб бармехезад ва мо ба ин арҷи баланд мегузорем”.

Масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа муҳокима гардид. Рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ зарур дониста шуд.

Дар роҳи баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ муҳим дониста шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо хостори бештар фаъол гардидани дигар василаҳои пешбурди ҳамкорӣ, аз ҷумла Гурӯҳи кории нафту газ, энергетика ва Шурои муштараки соҳибкорон шуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин самт таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар иқдоми муассир шумурда шуд.

Алоқамандии кишвари мо барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ иброз гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи КАСА-1000 муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима шуд.

Зимни суҳбат натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 02.09.2025

Сентябрь 2, 2025 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон