Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд

Сентябрь 3, 2025 09:27

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро дар маҳалли баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.

Қабл аз иштирок дар гузашти бошукуҳи низомӣ маросими аксбардории хотиравии сарони давлатҳо баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 26 давлат ширкат варзиданд.

Дар тамошогоҳи маҳалли баргузории чорабинӣ як гурӯҳ қаҳрамонону собиқадорони ҷанг низ дар мақоми ифтихорӣ қарор доштанд.

Дар расми пуршукуҳи низомӣ, ки ба таври камназир ва бесобиқа омода шуда буд, ҷузъу томҳои қувваҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин, инчунин шумораи зиёди техникаи муосири ҳарбӣ аз воҳидҳои мухталифи артиши ин кишвар иштирок намуданд.

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Пекин 03.09.2025

Сентябрь 3, 2025 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар