Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро дар маҳалли баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.
Қабл аз иштирок дар гузашти бошукуҳи низомӣ маросими аксбардории хотиравии сарони давлатҳо баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 26 давлат ширкат варзиданд.
Дар тамошогоҳи маҳалли баргузории чорабинӣ як гурӯҳ қаҳрамонону собиқадорони ҷанг низ дар мақоми ифтихорӣ қарор доштанд.
Дар расми пуршукуҳи низомӣ, ки ба таври камназир ва бесобиқа омода шуда буд, ҷузъу томҳои қувваҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин, инчунин шумораи зиёди техникаи муосири ҳарбӣ аз воҳидҳои мухталифи артиши ин кишвар иштирок намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






