Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба тамошо гузошта шуд.
Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба шаклу услуб ва композитсияи зебо пешниҳод шуда буд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши картошка, пиёзи маҳаллӣ, сабзӣ ва карам хеле мусоид мебошад.
Ҳамзамон иқлими ноҳия барои бунёди боғҳои себ, нок, гелос, шафтолу ва чормағз мувофиқ буда, ҳамасола кишоварзон аз ин намуди маҳсулот ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба мисли анвои нону хурокҳои миллӣ ва ҳамчунин асал дар ин ҷо гӯшаҳои ҷолиби намоишгоҳро ташкил медод. Дар ноҳия зиёда аз 4570 оилаи замбӯри асал мавҷуд буда, аз онҳо асали табиии тоза ба даст меоранд.
Ҳоло дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 8088 га замини кишт мавҷуд аст. Кишоварзону боғдорон маҳсулоти мавсимии худро ҷамъоварӣ намуда, аз он як қисматашро ба фурӯш бароварда ва боқимондаро барои зимистон захира менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






