Сафири Тоҷикистон бо ҳайати Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) Акрам Каримӣ бо ҳайати Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар мулоқот раванди омодагӣ ба Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки аз 7 то 21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёз баргузор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ ниҳоди марбут ба Созмони ҳамкории исломӣ буда, 57 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад ва қароргоҳаш дар шаҳри Риёз ҷойгир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ин ассотсиатсия мебошад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






