САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Тоҷикистон шумораи мактабҳои шакли нав бештар гардидааст

Сентябрь 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи мактабҳои шакли нав, аз ҷумла литсейҳо ва гимназияҳо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ танҳо як ададро ташкил медод, соли 2025 дар Тоҷикистон ба 170 адад расид. Дар айни замон дар ин муассисаҳои таълимӣ беш аз 121 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз бунёди мактабҳои шакли нав, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мегардад, аз ташкили заминаи боэътимод барои саводу дониши замонавӣ гирифтани хонандагон иборат аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои самаранок гардонидани раванди таълиму тарбияи насли ояндасози миллат тадбирҳои гуногуни судманду самарабахш андешид.

Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф ва илму фарҳанг нақши калидӣ ва созанда касб менамояд. Аз рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дараҷаи неруи зеҳнию ақлонии ҳар мамлакат вобастагӣ дорад. Маҳз мактабу маориф ва мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд