Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад.
Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки бозгӯй аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди қудратӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд.
Хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, бо ҳама лавозимоти рӯзгор ҷиҳозонида шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ва имконият ба нафъи миллату давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Чароғпояҳои насбшуда ва гулу дарахтони ороишиву сояафкан саҳни биноро зебоии дигар мебахшад.









Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






