Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст.
Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил барои хонандагон ва сокинони шаҳри Ваҳдат, ҳамчун туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 соли 2020 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 4 ҳазору 447 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Бинои муассиса дорои 53 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 7 кабинети фаннӣ мебошад.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 42 компютери пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет мебошад.
Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, аз ҷумла, 1500 китоби дарсӣ барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 426 курсӣ ва ошхона дорои 120 ҷойи нишаст ва ҳавзи нигоҳдории об мебошад.
Дар иншооти наву замонавӣ толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ бо 116 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳнӣ кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ 140 омӯзгор бо кор таъмин гардиданд.
Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон тариқи буғхонаи алоҳидаи марказонидашуда бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои мавҷуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, технологияи иттилоотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу субот ҷалб намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди муассисаҳои нави таълимиву ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз, таълимгирандагонро зарур аст, ки бештар ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд ва вориси гузаштаи пурифтихори хеш бошанд.