Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш — Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.
Дар ин зимн таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.
Ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






