Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки иштироки худро дар Бозиҳои 3-юми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Озарбойҷон тасдиқ намудаанд, эълон гардид.
Тавре АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар бозиҳо ҳайатҳои вакилони 12 давлат иштирок менамоянд.
Иштироки 340 варзишгар аз Озарбойҷон, 262 нафар аз Русия, 259 нафар аз Қазоқистон, 254 нафар аз Узбекистон, 240 нафар аз Беларус, 144 нафар аз Тоҷикистон, 126 нафар аз Қирғизистон, 48 нафар аз Туркманистон, 38 нафар аз Туркия ва 6 нафар аз Кувайт тасдиқ шуда, Покистон ва Уммонро 4-нафарӣ варзишгарон намояндагӣ мекунанд.
Бозиҳои III Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябр то 8 октябри соли равон дар 7 шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Гобала, Шеки, Гёйгул ва Ханкенди баргузор мегарданд. Мусобиқаҳо дар 12 майдони варзишӣ гузаронида мешаванд. Иштироки варзишгарон ва намояндагони расмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои даъватшуда дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил