СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд

Апрель 14, 2026 08:40

 ДУШАНБЕ, 14.04.2026./АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим-пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Дар робита ба баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки ин чорабинии байналмилалӣ кай доир  мешавад ва омодагиҳо ба он дар кадом сатҳ қарор доранд?

Шералӣ Хоҷазода: Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 14 май дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим-пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Ҳамоиш ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, давра ба давра амалӣ карда мешавад. Дар айни замон рамзи Симпозиум, омода намудани дастовезҳо, аз ҳама муҳим нашри махсуси китоби «Хутали Қадим», шаҳрҳои «Хутали Қадим», Маҷмааи меъмории «Қалъаи Бибихонум» ва нашри махсуси маҷаллаи «Ҳифзи мерос» ҳамчун дастовез бо забонҳои давлатию хориҷӣ таҳия шуда, мавриди чоп қарор доранд. Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор конфронсу ҳамоишҳои соҳавӣ баргузор мегарданд. Аз ҷониби Агентӣ ва сохторҳои он алакай 10 чорабинӣ амалӣ шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: Симпозиум аз чанд самт иборат аст ва он асосан  дар кадом минтақаҳои мамлакат доир мегардад?

Шералӣ Хоҷазода: Ҳамоиш ба се самт: бостоншиносӣ, мероси хаттӣ ва фарҳангӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷумла, дар Агентӣ дар самти бостоншиносӣ бо иштироки олимони соҳаи бостоншиносӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Инчунин 17 апрел бо иштироки олимону мутахассисони соҳа дар мавзуи мероси хаттии «Хутали Қадим» ҳамоиш доир мешавад. Дар қисмати сеюми чорабинӣ, яъне дар самти фарҳангии он охири моҳи апрел бо иштироки мутахассисони дохиливу хориҷӣ баргузории ҳамоиш дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»: Ҳадаф аз баргузории симпозиум дар чист? Оё он метавонад ба муаррифии шоистаи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд?

Шералӣ Хоҷазода: Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланди илмӣ дар он аст, ки бояд мо таърихи халқу миллатро аз умқи таърих, яъне аз давраҳои асри санг то давраи муосир ҳамаҷониба нишон дода тавонем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Баргузории ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ низ бояд дар сатҳи хубу хотирмон ва муаррифии таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён бошад. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, фарогири тамоми таъриху фарҳанги миллат набуда, балки ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд. Баргузории ҳамоиши мазкур ба васеъ муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гадидааст. Зеро он оғоз аз ҳазораи асри санг, яъне аз давраи неолит бо канда нашудан, яъне бо пайвастагии силсилаи хронологияи таърихӣ то ба давраи имрӯз расидааст. Дар қатори нишони додани таъриху фарҳанги миллӣ ҳамчунин бояд таваҷҷуҳи хоссаи олимони ватаниву хориҷӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва  фарҳанги миллати тоҷик ҷалб карда шавад.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо баргузории симпозиуми муҳими байналмилалӣ дар таҳкими ҷойгоҳи забони тоҷикӣ чӣ гуна нақш гузошта метавонад?

Шералӣ Хоҷазода: Таъриху фарҳанг, бахусус забони ноби тоҷикиро мо аз сарчашмаҳои таърихие, ки дар онҳо бевосита ҷузъҳои забони тоҷикӣ нишон дода шудаанд, бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Яъне, дар он мероси бостоншиносие, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бозёфт шудаанд, дар онҳо теъдоди бениҳоят зиёди ҷузъиёти забони тоҷикӣ, забонҳои гузаштаи ниёгон нишон дода шудаанд, аммо он то ҳол, мутаассифона, ба таври возеҳ ба ҷаҳониён дастрас нашуда буд. Мақсади асосии симпозиум низ дар шакли воқеъбинона муаррифӣ намудани сарчашмаҳои асосии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён мебошад. Зеро хазинаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз ҷузъиёти фарҳангӣ, бостонӣ, мардумшиносӣ ва шаҳрсозӣ пур аст.

АМИТ «Ховар»: Барои иштирок дар ин чорабинӣ аз чанд давлат намояндагон иштирок мекунанд?

Шералӣ Хоҷаев: Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо бо талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоста муаррифӣ мегардад. Ҳамин аст, ки ҷаҳониён ба омӯхтани таъриху фарҳанги миллати мо мароқ зоҳир менамоянд. Аллакай 50 нафар меҳмонон аз давлатҳои гуногуни дунё барои иштирок дар ин ҳамоиш номнавис шуда, мақолаҳо ва маърузаҳои илмиашонро пешниҳод намудаанд. Дар ин ҳамоиш мутахассисони варзида аз Федератсияи Русия, Амрико, Олмон ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд. Тибқи нақша, дар ин симпозиуми байналмилалӣ зиёда аз 200 нафар олимону мутахассисони соҳаи дохилию хориҷӣ иштирок менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Тавре огоҳӣ дорем, дар доираи ин симпозиум ва қабул гардидани номинатсияи Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Агентӣ ва «Тоҷикфилм» сабти филми мустанади «Хутали Қадим» оғоз гардидааст. Мегуфтед, ки сабти ин филм дар кадом сатҳ қарор дорад?

Шералӣ Хоҷазода: Агентӣ барои иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар қатори дигар дастовезҳо таҳияи ин филмро низ дар назар дорад, ки дар он олимону мутахассисони варзида дар бораи тамоми объектҳое, ки ба ин номинтасия дохиланд, маълумоти муфассал медиҳанд. Ин филм барои муаррифии таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷик ба ҷаҳониён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шуда, саҳми ниёгонро дар тамаддуни башарӣ бо далелҳои илмӣ инъикос мекунад. Ин филм ба тарғиби арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»: Аз ҷониби Агентӣ барои муаррифии шоистаи объектҳои номинатсияи «Хутали Қадим» барои иштирокчиёни симпозиум хатсайри махсус бояд ташкил мешуд. Ин харита таҳия гардид?

Шералӣ Хоҷазода: Дар ҳақиқат мо кушодани чунин хатсайри сайёҳиро ба нақша гирифтем, ки се ҷузъиёти фарҳангҳои бузурги ҷаҳонӣ маҳз дар ҳудуди «Хутали Қадим» ҷойгиранд. Аз ҷумла, меъмории бостонии несториании Айвоҷ, ки асри I то мелод буда, ба давраи пайдоиши яке аз динҳо ва фарҳангҳои бузурги ҷаҳонӣ мансуб дониста мешавад. Дуюм, ёдгории бостонии Аҷинатеппа мебошад, ки дар ҳудуди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон воқеъ аст. Ин ёдгорӣ маҳсуб ба давраи дини буддоӣ мебошад. Сеюм, ёдгории Хоҷа Машҳад мебошад, ки ба пайдоиш ва рушди дини Ислом рост меояд. Бояд иброз намуд, ки миллати тоҷик аз аҳди бостон дорои дин, забон, фарҳанг ва унсурҳои миллии хеш буд, вале дар баробари ин ба фарҳангҳои ҷаҳониён низ эҳтиром мегузошт. Мавҷуд будани намояндагии ин динҳо дар ҳудуди Хутали Қадим ва пайдо шудани онҳо дар Тоҷикистони имрӯза далели ин гуфтаҳост. Ин нишони он аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём таҳамулпазир буд ва ба дигар қавму миллатҳои ҷаҳонӣ арзи эҳтиром мегузошт ва робитаи зич дошт. Ин таҳаммулпазирӣ имрӯз низ дар сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Хутали Қадим бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш) ва шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст