Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?

Апрель 14, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи мушоҳидаҳо, солҳои охир дар баробари хатари малах паҳншавии гамбусаки лалмӣ низ, махсусан дар чарогоҳҳо ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Соли 2026 дар ҷумҳурӣ коркарди 120 555 гектар ба нақша гирифта шудааст. То 4 апрел майдони паҳнгаштаи малах 8488 гектар буда, майдони коркардшуда 8140 гектарро ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар майдонҳои паҳнгашта барои коркарди кимиёвӣ 22 трактори дорупошӣ, 17 мошин, 272 дорупошаки дастию моторӣ ва 340 корманд ҷалб карда шудаанд.

Дар айни замон дар ноҳияҳои осебпазири вилояти Хатлон мубориза барои нест намудани гамбӯсаки лалмӣ идома дорад. Махсусан дар чарогоҳҳои осебпазири ноҳияи Данғара бо истифода аз техникаю заҳрхимикатҳои сахтаъсир, бо тавсияи мутахассисон ва дар ҳамкорӣ бо истифодабарандагони чарогоҳҳо корҳо идома доранд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, корҳои несткунии ин ҳашарот шабона гузаронида мешаванд. Зеро шабона ҳарорати ҳаво паст шуда, кирминаи ин ҳашарот аз ҷуқурии 2-3 сантиметр мебарояд. Инчунин парвози гамбӯсаки лалмӣ дар қисмати шабона оғоз мегардад. Мутахассисон дар чарогоҳҳо барои кам кардани ин ҳашарот усули дигарро истифода менамоянд. Яъне, мутахассисон дар чарогоҳҳо равшании махсус ташкил намуда, дар атрофи он об мондаанд, ки ба кам ва нест кардани гамбӯсаки лалмӣ мусоидат мекунад.

Афзоиши гамбӯсаки лалмӣ (ва дигар зараррасонҳои ғалладона) солҳои охир дар Тоҷикистон, махсусан дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмӣ ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Барои мубориза бо ин ҳашарот Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ситодҳои махсус ташкил карда, чораҳои кимиёвӣ ва агротехникиро тақвият медиҳад.

Мутахассисони соҳи кишоварзӣ иброз намуданд, ки ин зараррасон дар Тоҷикистон васеъ паҳн гаштааст. Гамбӯсаки лалмӣ дар нимбиёбонҳои доманаи кӯҳҳо ва даштҳо, ҳамчунин дар кӯҳҳо дар нишебиҳои кушоду хушк ва дар водиҳои назди дарёҳо вомехӯрад. Дар ҷануби Тоҷикистон он ҳашароти асосӣ дар заминҳои кишти гандуми лалмӣ, ҷав, зағир, офтобпараст ва маъсар мебошад.

Парвози ин намуди гамбӯсакҳо охири моҳи апрел ба назар расид. Парвози онҳо вақти ғуруби Офтоб оғоз шуда, саҳаргоҳон бо баромадани Офтоб онҳо боз зери хок медароянд. Тухмашонро дар хок яктогӣ ба сурохии суфтаю шиббашудаи берунаш мустаҳкам мегузоранд. Ранги тухм сафед ва дарозиаш 3 милиметр мебошад. Тухмҳоро дар қабати намноки хок ҷой медиҳанд. Инкишофёбии тухм 30 — 45 рӯз давом мекунад. Аз тухм баромадани кирмина моҳҳои май — июн ба назар мерасад. Кирмҳо зери хок умр ба сар мебаранд, ду маротиба зимистон мегузаронанд. Аз баҳор то охири май кирминаҳо дар рӯи хок қарор мегиранду маҳз дар ҳамин давра фаъолияти зарароварии онҳо мушоҳида мешавад ва сипас ба қабатҳои даруни хок (50 – 70 сантиметр) мераванд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои нест намудани ин ҳашарот бояд дар чуқуриии 35-40 сантиметр шудгори тирамоҳӣ гузаронида шавад. Омилҳои афзоиши онро мутахассисон ба риоя нашудани киштгардон ва набудани коркарди саривақтии кимиёвӣ рабт медиҳанд.

Гамбӯсаки лалмӣ бештар ба гандум, ҷав ва зағиру офтобпараст осеб мерасонад. Аз ин рӯ, деҳқононро зарур аст, ки сари вақт аз ҳолати киштзор бохабар шуда, зимни муайян кардани манбаъҳои пайдошавии зараррасонҳо майдони онро коркард намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад