ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 10, 2025 08:00

10 сентябри соли 1964 қӯшунҳои Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади қатъи муноқишаҳо дар байни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.

***

10 сентябри соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардида буданд, ба охир расиданд.

***

10 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуданд.

***

17 сол муқаддам, 9 сентябри соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ  оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир шуд.

***

10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими ба истифода додани мақбараи шоир  баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин китоби 4-ҷилдаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» бо забони ҳиндӣ рӯнамоӣ гардид.

***

Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.

***

10 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики  Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.

***

10 сентябри соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 31-солагии он парчами Тоҷикистон дар баландтарин бинои шаҳри Анқара- Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği-ТOBB (Иттифоқи Палатаи молиявӣ ва биржаҳо) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул – пули машҳури Босфор (Boğaz küprüsü) намоиш дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардид.

10 СЕНТЯБР:

Дар Чин-Рӯзи муаллимон.

***

Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ намудан аз худкушӣ.

Сентябрь 10, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст