ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.
***
11 сол пеш, 20 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
20 сентябри соли 2016 аъзои собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов ба рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон ворид шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии «Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» — ро нашр намуд.
***
20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.
***
20 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
***
5 сол пеш, 20 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Шаҳраки Сомониён» дар ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд.
***
20 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Корошӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир, иқдоми муштарак, инчунин татбиқи муассири Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Устувори он мубодилаи афкор намуданд.
***
20 сентябри соли 2023 дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
***
Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






