ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 2007 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе китобхонаи электронӣ ифтитоҳ гардид.
***
22 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
***
15 сол пеш, 22 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳамоиши «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ» раисӣ ва суханронӣ намуданд.
***
22 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат расман ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷлиси раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
22 сентябри соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон баргузор гардид. Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
22 сентябри соли 2023 дар шаҳри Брюссел собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Подшоҳии Белгия Фредерик Ван Лёв, Директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия Фредди Рузмонт ва роҳбари Гурӯҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) Герт Веркутерен вохӯриҳо анҷом дод. Зимни вохӯриҳо доираи васеи ҳамкории ҳуқуқӣ байни ду давлат, ҷараёни баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи истирдоди ҷинояткорон ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
22 СЕНТЯБР:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Рӯдакӣ (сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс).
***
Рӯзи умумиҷаҳонии бе автомобил.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, чоршанбе, 316-умин рӯзи соли 2025 аст






