ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 6, 2025 08:00

6 сентябри соли 1999 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.

***

Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.

***

16 сол пеш, 6 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии  Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

***

6 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорати тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени  «Шараф» ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонида шуд.

***

6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Сафорат ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин айвони миллӣ насб карда шуд. Айвон бо санъати баланд аз чӯб кандакорӣ шуда, ба ҳайси гӯшаи зиндаи санъати миллӣ таърихи куҳан ва ҳунари волои мардуми тоҷикро дар ин кишвари Аврупо муаррифӣ менамояд.

***

6 сентябри соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки якчанд минтақаҳои сайёра дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба хушксолии шадид дучор шуданд, ки хисороти он 13,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» конфронси байналмилалӣ доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.

6 СЕНТЯБР:

Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.

Сентябрь 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст