ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 9, 2025 08:00

9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия ва Қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии 3000-нафара баргузор гардид, ки дар он  ҷавонон Парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.

***

9 сентябри соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода доданд.

***

9 сентябри соли 2014 муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ карда шуданд.

***

9 сол пеш, 9 сентябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид. Дар он 52 ҳазор донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии мамлакат иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 сентябри соли 2023 ҳабдаҳ истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ – CAITME 2022 иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

9 СЕНТЯБР:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.

***

Рӯзи байналмилалии зебоӣ.

Сентябрь 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, душанбе, 363-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст