ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳо ва назди биноҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва истиқлолият насб карда мешаванд.
Ҳамчунин баргузории роҳпаймоӣ, ҳамоиш, конфронс, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳо ва барномаҳои бадеӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг», «Истиқлолият», «Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол!» ва дигар мавзуъҳо баргузор мегарданд.
Омодагӣ ба ифтихори ин санаи бузурги таърихӣ бо фарогирии тамоми гурӯҳҳои ҷомеа, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо тарғиби арзишҳои истиқлолият, намоиши васеи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз ободонии ҳар хонадон, ороставу зебо намудани кӯчаву хиёбон, деҳа, ноҳия ва шаҳр оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт. Аз ин рӯ Истиқлолият нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






