Вакили Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода бо сокинону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 сентябр вохӯрии вакилон бо сокинону интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор мегардад.
Дар доираи ин нақша вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод №38 Барно Саидвализода дар ҷамоати шаҳраки Чорсӯ ва ҷамоати деҳоти Тӯтиёни ноҳияи Муъминобод, ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷуму Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, инчунин дар ҷамоати шаҳраки Мунк ва ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг бо сокинон мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо вакили мардумӣ доир ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла хизматҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки қаблан аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардидаанд, ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин Барно Саидвализода оид ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва дигар самтҳои афзалиятноки рушди давлат дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Дар баробари таҳлили амиқи вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат ва шарҳи моҳияти сиёсати давлату Ҳукумат ба саволҳои сокинон низ посухҳои мушаххас дода шуд.
Илова бар ин 6 сентябр вакили Маҷлиси намояндагон бо мақсади пос доштани ҷоннисорӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияти сарбозони шаҳид ба хонаҳои шаҳидони зиндаёд Салоҳиддин Гадоев ва Шуҳрат Наҷмуддинзода дар ноҳияи Ховалинг ташриф овард.


Зимни боздид вакил ба модарони шаҳидон изҳори таслият намуда, таъкид кард, ки фидокориҳои фарзандони шуҷоъ ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Ӯ суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд, ки: «Мо ҳаргиз фарзандони шуҷои Ватанро, ки ҷони худро барои сулҳу оромии ҷомеа ва амнияти давлат нисор кардаанд, фаромӯш намекунем. Қаҳрамониҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфи заррин сабт хоҳанд шуд».
Ҳамзамон ба оилаҳои шаҳидон кумаки моддӣ расонида шуда, ба волидони онҳо барои сабру матонат ва тарбияи фарзандони ватандӯст изҳори сипос карда шуд.
Ин иқдом ҳамчун нишони эҳтиром ба хизматҳои фарзандони шуҷоъ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонии ҷавононест, ки барои сулҳу суботи Тоҷикистон ҷонфидоёна мубориза бурдаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






