Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд

Сентябрь 6, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Дилноза Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ ва масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд Мирзотоҳир Набизода иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихист, ки бо он роҳи нав, марҳилаи тоза ва имконияти фарохи рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ оғоз гардид. Маҳз бо эъломи истиқлол халқи тоҷик тавонист, ки орзуи деринаи худ – доштани давлати мустақил, рамзҳои давлатӣ ва мақоми шоистаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ гардонад».

Истиқлоли давлатӣ танҳо санаи таърихӣ нест, балки рамзи озодӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ҳар фарди ҷомеа мебошад. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери парчами Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик тавонист давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо талошу заҳмати аҳлонаву пайваста ба роҳи сулҳу субот, бунёдкорӣ ва рушди устувор ворид шавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода истиқлолро бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷидду ҷаҳди хеш тавонистанд пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшанд ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушд ворид созанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз истиқлол ба мактаби бузурги худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо гузашта ва имрӯзу фардо, балки роҳи абадии давлатдорӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 6, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид