Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Дилноза Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ ва масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мирзотоҳир Набизода иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихист, ки бо он роҳи нав, марҳилаи тоза ва имконияти фарохи рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ оғоз гардид. Маҳз бо эъломи истиқлол халқи тоҷик тавонист, ки орзуи деринаи худ – доштани давлати мустақил, рамзҳои давлатӣ ва мақоми шоистаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ гардонад».
Истиқлоли давлатӣ танҳо санаи таърихӣ нест, балки рамзи озодӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ҳар фарди ҷомеа мебошад. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери парчами Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик тавонист давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо талошу заҳмати аҳлонаву пайваста ба роҳи сулҳу субот, бунёдкорӣ ва рушди устувор ворид шавад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода истиқлолро бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷидду ҷаҳди хеш тавонистанд пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшанд ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушд ворид созанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз истиқлол ба мактаби бузурги худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо гузашта ва имрӯзу фардо, балки роҳи абадии давлатдорӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






