Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуд

Сентябрь 15, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси​ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ғоибназарзода дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Форум бо ташаббуси Ҷамъияти мардумии «Дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ»-и Чин  10 сентябр оғоз гардида, то 17 сентябр идома меёбад. Дар он вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди инфрасохторӣ, амнияти экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ табодули таҷриба менамоянд.

Саид Ғоибназарзода дар қисмати пленарӣ ва бахшҳои канории форум оид ба дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи  инсон ва шаҳрванд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ибрози андеша намуд.

Дар форум 59 нафар вакили парлумон  аз 45 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид