Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комисссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҷаласаи Комисссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн 13 сентябр оғоз гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба баррасии лоиҳаҳои Қатънома дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё, ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои молиявӣ, таъмини босубот барои рушди иқтисодӣ, дар бораи решакан кардани камбизоатӣ, дар бораи нақши парлумонҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё дар дастгирии татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, об ва санитария барои ҳама дар Осиё ва ташаббуси молиявии иқлим дар Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист сухан гуфтанд.
Оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Кори ҷаласа имрӯз анҷом меёбад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






