28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил доранд

Октябрь 7, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар мактабҳои олии Федератсияи Русия 28 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамасола барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Русия стипендия ҷудо мекунад. Аз ҷумла, имсол 1000 квотаи таълимӣ ҷудо карда шуд.

Бояд иброз намуд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Федератсияи Русия дар асоси ҳуҷҷатҳои зерини ба имзорасида муқаррар карда мешавад:

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника, маориф, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, варзиш ва сайёҳӣ аз 19 сентябри соли 1995;

— Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти умумӣ ва касбии Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 18 марти соли 1997 ва протоколҳои ҳарсолаи ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ.

Илова бар ин, дар чаҳорчӯбаи ҳомкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф ва илм Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Москва (MGIMO) ҳамасола ба шаҳвандони давлати мо шаш стипендия барои бакалавр ва дипломи тиббӣ ҷудо менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 7, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд