31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад

Октябрь 31, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо (World Cities Day) эълон шудааст. Мақсади таъсиси ин сана ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои шаҳришавӣ, яъне баланд шудани мақоми шаҳрҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад. Мувофиқи нишондоди Созмони миллаи Муттаҳид, то соли 2050 60 фоизи аҳолии кураи Заминро сокинони шаҳр ташкил хоҳанд дод.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон ва пешрафти тамаддуни миллии мо шаҳрҳову марказҳои бузург нақши намоён доштанд. Дар Тоҷикистон тибқи омори соли 2016, 18 шаҳр мавҷуд аст. Яке аз онҳо шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад, ки аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Хуҷандро оламиён «Тирози ҷаҳон» мехонанду он чун шаҳри накӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».

Шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз 5000 сола дорад

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иброз намуд, вақте ба таърихи беш аз 5000 солаи шаҳри бостонии Хуҷанд назар менамоем, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арӯси дунё» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст.

Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекард ва имрӯз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад.

Дар даврони бошукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд беш аз ҳарвақта зебо ва обод гардид. Ин нишони сулҳу ваҳдат ва тантанаи давлатдории навини тоҷикон аст. Имрӯз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мебошад.

«Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст. Дар шаҳри Хуҷанд 7 донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, 5 коллеҷ, 52 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ, 33 кӯдакистони давлатӣ, 14 кӯдакистони хусусӣ ва 17 муассисаи тиббӣ амал мекунанд», -изҳор намуд Раиси шаҳр.

Давоми нуҳ моҳ зиёда аз 27 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Хуҷанд ворид шудаанд

Шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо осори таърихию қадимаи худ диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намуда, ҳамчун шаҳри қадимаи дорои имкониятҳои бузург машҳур аст.

Ба иттилои Фирдавс Шарифзода, бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 11 муассисаҳои сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.

«Ҳоло дар шаҳр барои қабули сайёҳон 16 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 712 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд», -афзуд номбурда.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба шаҳри Хуҷанд зиёда аз 27,9 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии онро тамошо кардаанд, ки ин нисбат ба соли сипаригашта 6,4 дар сад ё 1,7 ҳазор нафар зиёд аст.

Дар шаҳри Хуҷанд 326 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд

Дар натиҷаи чораҳои андешидашудаи саривақтӣ дар нуҳ моҳи соли равон 29 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва дорои 168 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби зиёда аз 25,0 милион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 326 ададро ташкил дод.

Шаҳри Хуҷанд бо 41 давлат ҳамкорӣ дорад

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, давоми солҳои охир шаҳри Хуҷанд бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисодӣ бо 41 давлатҳои дуру наздик ҳамкории мутақобиларо самаранок ба роҳ мондааст. Барои таҳкими инфрасохтори соҳаи коммуникатсияи шаҳр дар ин давра тавассути нақлиётҳои мусофиркашон ба 75,7 милиион нафар мусофирон хизмат расонида шуда, он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 1,7 милиион нафар зиёд гаштааст.

Яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт баҳри афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурӯзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, бо саҳми фаъолонаи соҳибкорону аҳолӣ дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Тавре Фирдавс Шарифзода иброз намуд, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хуҷанд 1015 адад иншоот бунёд гардид

«Дар шаҳр сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз нақша зиёд, яъне 1015 адад иншоот бунёд карда шудааст. Аз миқдори умумии иншооти бунёдгардида, 290 адади он ба нуҳ моҳи соли равон рост омада, аз онҳо 47 иншоот дар соҳаи саноат, 5 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 11 иншоот ба соҳаи маориф, 26 иншоот дар соҳаи варзиш, 1 иншоот дар соҳаи истироҳатӣ-фарҳангӣ, 128 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 51 бинои истиқоматӣ, 18 адад корҳои ободонию мумфаршкунӣ ва 3 иншооти гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда, мавриди истифода қарор гирифтанд», -иттилоъ дод номбурда.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Сарвари давлат дар самти иҷтимоӣ барои сохтмони биноҳои баландошёна қитъаҳои замин ҷудо гардида, 92,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 111,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанд 17 адад муассисаҳо тандурустӣ фаъолият доранд

Баҳри таъмини хизматрасонии баландсифат ба аҳолии шаҳр, айни ҳол дар 17 адад муассисаҳои тандурустӣ 2610 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Имрӯз Хуҷандшаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр корҳои зиёде иҷро шуда истодааст, ки ҳамагон шоҳиди ин дастовардҳои бузург мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Октябрь 31, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд