Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ниҳодҳои дахлдори мамлакатро вазифадор менамоянд, ки барои ҷалби довталабон ба зинаҳои омӯзгорӣ кор баранд. Зеро омӯзгор аст, ки ҷомеа аз сафои дониш рӯшноӣ меёбад, илм пеш меравад ва бо дастовардҳои навини илмӣ кашфиёти тозаи башарият падид меояд.
— Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати яке аз муассисаҳои пурнуфузи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони равияи омӯзгорӣ масъул аст. Ҳоло таълим дар 14 факултети донишгоҳ аз рӯи 93 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, 31 ихтисос дар шуъбаҳои ғоибона ва фосилавӣ, дар 63 кафедраи тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Барои ҳамқадами замон намудани тадрис дар донишгоҳ дар назди факултетҳои химия, биология, физика ва технология ҳамагӣ 29 лаборатория фаъолият дорад, ки аз ин шумора 5 лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ ва 24 адад лабораторияҳои таълимӣ мебошанд, ки 4 адади он дар ду соли охир бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Барои амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 550 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолияти педагогӣ ҷалб гардиданд. Раванди таълим барои онҳо дар давраи таътили тирамоҳӣ ва таътили зимистона ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир имкон хоҳад дод, ки норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат то андозае рафъ гардад.
Зина ба зина баланд бардоштани сифати таълим аз самтҳои муҳимтарини корӣ маҳсуб мегардад. Дар донишгоҳ сатҳи азхудкунии таҳсили донишҷӯён тибқи мониторинг 90,4%-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба мониторинги ҳамин давраи ҳисоботии соли 2024 беҳтар буда, 7,4 фоиз боло рафтааст. Сифати азхудкунӣ ба 57,22 фоиз рост омадааст, ки ин натиҷаи қаноатбахш маҳсуб мешавад.
Мо чунин мешуморем, ки агар мактаб боргоҳи илму дониш бошад, омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад. Рушду нумуъ, пешрафт ва шаклгирии ҷомеаи нави мутамаддин аз омӯзгор вобаста аст. Омӯзгори соҳибкасб ва соҳибмактаби таҷрибаандӯхта дар баробари дониш андӯхтан, инчунин ба ҷомеа рангу бӯйи тоза мебахшад, онро бо неруи дониш мунаввар мекунад, сатҳи маърифати мардумро баланд мебардорад ва миллатро босавод мегардонад. Ба ин хотир, мо барои боло бурдани шумораи устодони соҳибунвон пайваста ҷаҳд меварзем. Дар нуҳ моҳи соли 2025 иқтидори илмии донишгоҳ, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самтҳои дигари марбут ба илм назаррас буда, фоизи омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳ тадриҷан рӯ ба афзоиш оварда, ҳоло 302 нафар ё 48 фоизи омӯзгорон доирои унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд. Феълан дар кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба равияҳои илмӣ 6 доктори илм, профессорони узви вобаста ва пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ низ мебошанд. Гарчанде ки ин рақамҳо ба меъёрҳо наздиканд, онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо барои баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва омӯзгории донишгоҳ минбаъд низ тадбирҳои ҷиддӣ андешем.
Дар донишгоҳ дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳамагӣ 4 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 7 ихтисос фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли равон 31 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд: 3 нафар рисолаи докторӣ, 17 нафар рисолаи номзадӣ ва 11 нафар дараҷаи доктор PhD, ки ин рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 нафар зиёд мебошад.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар нуҳ моҳи соли 2025 28 китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шурои илмӣ-методии донишгоҳ аз чоп баромад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 2 адад зиёд аст.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо ба омӯзгорон барои анҷоми рисолати муқаддаси касбӣ муроҷиат намуда, чунин таъкид намуданд: «Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсил фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед. Нисбат ба худ ва шогирдонатон серталаб бошед, фаромӯш накунед, ки агар шумо шогирдони худро мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафт таълиму тарбия надиҳед, сифати таълиму тарбияро баланд набардоред ва дар ин кори ниҳоят муҳим саҳлангорӣ намоед, барои ояндаи миллат, ҷомеа ва давлат мушкилот эҷод мекунед. Бори дигар таъкид мекунам, ки вақте миллат бесавод мемонад, ҷаҳолат ғолиб меояд».
Ба андешаи мо, барои аз бех баркандани решаи ҷаҳолат ва босавод намудани миллат омӯзгор шахси калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷавҳари ҳастии миллати босавод ғаризаҳои инсонӣ, кашфиёту навоварӣ, ихтироъкорӣ ва дарки олами берунӣ бештар зуҳур менамояд ва ба ин васила ҷомеа донишмеҳвар мешавад. Дар чунин ҷомеа сулҳу субот авлавият касб намуда, барои ҳамагон шароити зиндагонии шоиста муҳайё мегардад, созандагиву бунёдкорӣ авҷ мегирад, миллат пеш меравад, давлат рушд мекунад, ҷомеа обод мегардад. Ба ин минвол, бори дигар иброз менамоям, ки баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа воқеан дар авлавияти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Симои ҷонпарвари омӯзгор муҳаббату саодату ниёиши зиндагиро афзун намуда, каломи меҳрпарвари он муждадеҳу руҳбахши зиндагӣ аст.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддиин Айнӣ