Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ, инчунин назорат ва санҷиши вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар машварат масъалаҳои вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба забони давлатӣ, сатҳи риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигорӣ, дурустии номгузории сохторҳо, сифати таҳияи матнҳои расмӣ ва ҳолати лавҳаву овезаҳо дар дохили донишгоҳ, ки мавриди санҷиш қарор дода шуданд, баррасӣ гардиданд. Натиҷаҳои санҷиш дар самти гиромидошти забони давлатӣ мусбат арзёбӣ гардида, ҳамзамон барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷузъӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Дар машварат иброз гардид, ки дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ рамзи муқаддаси миллӣ эътироф гардида, мақому манзалати хоссаро соҳиб шуд. Дар рушд ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ нақши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Бо ташаббуси Сарвари давлат силсилаи қонуну қарорҳо дар бораи забони тоҷикӣ қабул гардида, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ ва рукни муҳими ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад. Риояи меъёрҳои забон танҳо иҷрои талаботи ҳуқуқӣ нест, балки нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






