Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома доранд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ин ҷашни бостонии миллат бо риояи тамоми расму ойини миллӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Дар саҳни муассиса намоиши наврӯзӣ бо дастархони миллӣ, риояи суннатҳои қадимии аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баргузории бозиҳои шавқовару мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардида, Наврӯз бо руҳияи болида ва эҳсоси ифтихори миллӣ таҷлил карда шуд.
Директори муассиса Одил Сироҷиддинзода иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт .
Таъкид карда шуд, ки ин ҷашни аҷдодии мо ҳоло дар саросари олам бошукуҳ таҷлил мегардад. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо маҳсуб шуда, аз замонҳои қадим то имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро ҷамъ меорад.
Дар ҷашни наврӯзӣ иброз гардид, ки Наврӯз достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват ва хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст.
Дар ҳамоиш як гурӯҳ хонандагони фаъолу болаёқат барои дастовардҳои назаррас дар озмунҳои фаннию фарҳангӣ бо Диплом ва сипосномаҳои муассиса қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ як зумра омӯзгорон низ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе


















Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






