Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Италия ҳамкориро густариш медиҳад

Октябрь 30, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар мулоқоти роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози нишасти вазирон дар қолаби «Осиёи Марказӣ ва Италия 5+1» Федерико Фаилла тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои маориф, илм, идоракунии давлатӣ ва рушди устувор баррасӣ шуд.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ  дар самтҳои таҳияи барномаҳои муштараки магистратура, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои Италия, таҳқиқоти илмӣ, машғулиятҳои такмили ихтисос ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати  Италия ба иқтидори илмӣ, инфрасохтори муосир ва барномаҳои инноватсионии академия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ бо ин муассисаи пешқадами давлатӣ метавонад ба рушди шарикии Италия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маориф мусоидат намояд.

Дар рафти суҳбат мусоҳибон пешниҳоди таъсиси барномаи магистрии минтақавӣ барои хизматчиёни давлатӣ бо дастгирии шарикони италиявӣ ва имкони таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳҳои Италия (дар чаҳорчӯбаи Эрасмус+)-ро муҳокима намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид