Ҷаласа доир ба таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 октябр дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи машваратии миллӣ оид ба таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаи таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият, интихоби раис, котиби Шуро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва тасдиқи Низомномаи Шуро баррасӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати аз ҷиҳати иқлимӣ осебпазир ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла тағйирёбии реҷаи обшиносӣ, обшавии пиряхҳо, афзоиши хатари зуҳуроти табиӣ рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, таъсиси чунин Шуро ба ҳайси сохтори миллии ҳамоҳангсоз муҳим арзёбӣ мегардад.
Шуро ба ҳайси платформаи миллии ҳамоҳангсозӣ имкон медиҳад, ки равишҳо ва нақшҳои дастурӣ дар самти тағйирёбии иқлим мувофиқа карда шаванд, иқтидори миллӣ таҳким ёбад ва ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо мустаҳкам гардад.
Ин раванд имкон медиҳад, ки мамлакат уҳдадориҳои худро тибқи Созишномаи Париж ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ самаранок ва сари вақт иҷро намояд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






