Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 14-умин ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ин ҷаласа дар доираи лоиҳаи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки роҳбарият ва аъзои Кумитаҳои миллии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ҷаласаҳои Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдо ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таҳкими ҳамгироии нақлиётӣ-коммуникатсионӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти савдои минтақавию байналмилалӣ, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон новобаста аз вазъияти мураккаби геосиёсию геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза, Тоҷикистон ба таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ва содагардонии расмиёти савдо ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Бо мақсади тақвияти ҳамкории минбаъда Ашурбой Солеҳзода таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба масъалаҳои тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, тақвияти фаъолияти Равзанаи ягонаи кишварҳои минтақавӣ бо мақсади содагардонии савдои байнисарҳадӣ, бартарафсозии монеаҳо ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва мубодилаи электронии маълумотҳо барои татбиқи долонҳои иқтисодӣ ҷалб намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






