Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» таҳти назорат ва cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Раиси комиссияи озмун афзуд, ки соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкорию кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.
Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумуи соҳаи илму маориф кӯшиш ба харҷ дода, дар баробари пешбурди самтҳои фаъолияти соҳа, ҳамчунин шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи Низомнома баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҳамарӯза тадбирҳои судманд меандешад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки даври ҷумҳуриявии озмунро бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи чоруми озмун муҳимтарин зинаи он маҳсуб мешавад, зеро дар он танҳо иштирокчиёне ғолиб мегарданд, ки дар марҳилаи сеюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон барои иштирокчиён асоснок ва қобили қабул бошад.
Дастур дода шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳимми илмӣ даври чоруми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум ба таври густурда таблиғ гардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






