Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон

Октябрь 12, 2025 18:54

ДУШАНБЕ, 12.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми  баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт.

Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санади аз ҳама муҳим — Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди судманд, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе зимни ду ҳамоиши муҳими минтақавӣ ҳосил шуд. Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе ва мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои маҳбуби худ бори дигар собит намуданд, ки Тоҷикистон мулки сулҳу дӯстӣ, рушди ҳамкорию ҳамёрии судбахш  ва сарзамини биҳиштосою меҳмоннавоз аст.

Барои гусели меҳмони олиқадр — Президенти Федератсияи Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд.

Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия 12.10.2025

Октябрь 12, 2025 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд