Арҷгузорӣ ба омӯзгор ва забон омили таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад

Октябрь 2, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар саросари Тоҷикистон таҷлили ду санаи басе муҳим: Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Ин ду ҷашн ба таври рамзӣ ба як рӯз рост омадаанд, зеро байни забон ва омӯзгор робитаи ҷудонашаванда вуҷуд дорад.

— Забон пояи асосии миллат ва воситаи интиқоли дониш, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ мебошад. Омӯзгор шахсе мебошад, ки ин забон ва донишро ба наслҳои оянда мерасонад. Гиромидошти забон ва омӯзгор дар як рӯз тасдиқи он аст, ки миллат бе забон ва бе муаллим наметавонад рушд кунад ва ояндаи пойдор дошта бошад.

Дар ҷомеаи муосир нақши омӯзгор ва забони модарӣ дар рушди маърифат, фарҳанг ва сиёсат бениҳоят бузург аст. Омӯзгорон чун неруи эҷодии ҷомеа на танҳо дониши назариявӣ меомӯзонанд, балки ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул дода, арзишҳои инсониро дар шуури онҳо бедор месозанд. Забони модарӣ воситаи асосии ҳифзи асолати миллӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад.

 Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф бештар буда, ҳамасола барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа тамоми имконият истифода мешавад. Ҳадаф аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф он аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода гардад.

Забони тоҷикӣ решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҳамчун забони адабию илмӣ ва воситаи ифодаи андеша ва эҳсосоти тоҷикон хизмат мекунад. Аз замони асрҳои миёна то имрӯз тавассути осори ноби адибони барҷастае, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хайём, Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва минбаъд тавассути адибони замони нав ва муосир забони тоҷикӣ ҳамчун ганҷи пурбаҳои маънавӣ нигоҳ дошта шуд. Он танҳо воситаи гуфтор нест, балки рамзи ҳувияти миллӣ, муттаҳидсозандаи тамоми табақаҳои ҷомеа ва оинаи таърихи чандинсадсолаи мардуми тоҷик мебошад.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ва ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд гуфт, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Забони модарӣ, эй ҳастии ҷон,
Туӣ пайванди ман бо асли инсон.
Туӣ меҳри Ватан, фахри тамаддун,
Туӣ бар ман зи ниёгон нишон.

Соли 2009 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» забони тоҷикӣ рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ эътироф гардид ва дар ҳамон сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ расман амалӣ карда шуд. Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи ҳифз ва густариши истифодаи дурусти забони тоҷикӣ ба шумор мерафт, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ забонҳо зуд зери таъсири забонҳои хориҷӣ қарор мегиранд ва хатари гум шудани хусусияти миллӣ афзоиш меёбад. Аз ҳамин лиҳоз ташвиқ ва тарғиби истифодаи дурусти забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба меъёрҳои забони адабӣ ва эҳтиром ба мероси хаттӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Дар ин рӯз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии мамлакат — аз мактабҳои миёна то донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ бо баргузории маҳфилҳо, мусобиқаҳои шеърхонӣ, намоишгоҳҳои китоб ва ҷаласаҳои илмӣ эҳтиром ба забони модариро тарғиб мекунанд. Ҳамзамон барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бахшида ба таърихи забони тоҷикӣ ва нақши он дар ҳаёти имрӯза пахш мегарданд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки забон дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад.

Омӯзгор дар фарҳанги миллати тоҷик мавқеи бисёр баланди ахлоқию маънавӣ дорад. Қадимтарин мақолҳои халқӣ, масалан «Муаллим — чароғи раҳнамо», «Бе устод илм нест» ва «Ҳаққи устод аз падар беш аст» гувоҳи онанд, ки аз аз замонҳои пеш омӯзгор дар тарбия ва парвариши шахсият ҳамчун аъзои босаводу арзандаи ҷомеа эътироф гардидааст. Муаллимон на танҳо дониш меомӯзонанд, балки вазифаи душвори ташаккули тафаккури мустақил, маърифатпарварӣ ва ахлоқи насли навро бар дӯш доранд. Онҳо масъули ояндаи миллатанд, зеро насле, ки имрӯз тарбия меёбад, фардо идоракунандаи давлат хоҳад шуд.

Ҳамзамон бояд иброз дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон барои дастгирии забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи маориф тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз қабили таҳияи китобҳои дарсӣ ва адабиёти илмию методӣ ба забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорон, боло бурдани музди меҳнат ва таъсиси стипендияҳои иловагӣ барои донишҷӯёни соҳаи омӯзгорӣ. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлат ба рушди ин ду соҳаи муҳими ҳаётӣ — забон ва маориф аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Набояд фаромӯш кард, ки забонро омӯзгорон зинда медоранд. Онҳоянд, ки аз насл ба насл забон меомӯзонанд, эҳё мекунанд ва дар дили кӯдакону наврасон эҳтирому муҳаббатро нисбат ба он бедор месозанд. Аз ин рӯ, таҷлили якҷояи Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон на танҳо рамзӣ, балки хеле мантиқист. Забон бе омӯзгор паҳн намешавад ва омӯзгор низ бе забон наметавонад маърифатро интиқол диҳад. Онҳо ду сутуни ҳамзист ва ҳамраҳ ҳастанд.

Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.

Дар яке аз суханрониҳо Сарвари давлат иброз намуданд, ки «забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар  фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.

Ин рӯз на танҳо иди омӯзгорону аҳли маориф ва дӯстдорони забони модарӣ, балки ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Ин ҷашн моро водор месозад, ки оид ба арзишҳои миллӣ бештар  биандешем, забони модарии худро эҳтиром кунем, муаллимонро қадр намоем ва дар партави онҳо ояндаи нек бунёд кунем. Зеро миллате, ки забонашро эҳтиром мекунад ва ба омӯзгорон арҷ мегузорад, миллатест, ки роҳ ба сӯи рушд ва комёбӣ дорад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Октябрь 2, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ ДОДАН БА МОШИНИ «ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ». «Шаҳри бехатар» қоидавайронкуниро зимни роҳ додан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсус ба инобат намегирад
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ШИРИНУ ШОИРОНА. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 13 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ дар даври сеюм аз нав ба қайд гирифта мешаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ. Забони мусиқӣ оламшумул буда, ба тарҷумон ниёз надорад
1 ОКТЯБР — РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Таъмини зиндагии шоиста барои онҳо афзалияти сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон аст
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Мавлоно конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ШОИРЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ВАСЛ МЕКУНАД. Асарҳои Мавлоно имрӯз низ аз хонданитарин асарҳои дунёянд
30 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаю афкори созанда ҷаҳонро тасхир намудааст
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон намуд
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон