Ҷавонони сарбаланди шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гурӯҳи аввали даъватшавандагон ба хизмати Ватан-Модар гуселонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда бо иштироки фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, падару модарон ва наздикони даъватшавандагон маросими гусел баргузор шуд. Ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм, Халифа Ҳасан, Шинг дар рӯзи нахустини гусели даъватшавандагон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд.
Ба даъватшавандагоне, ки мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ, ба онҳое, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми бориз гузоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






