Ба 636 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони фаъоли Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои соҳавӣ дода мешавад

Октябрь 4, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон ва пешсафони соҳа мукофоту унвонҳои соҳавӣ тақдим мегарданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмунҳои соҳавӣ, аз қабили «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» ҳавасманд гардонида мешаванд.

Ҳамзамон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ба 636 нафар кормандони соҳаи маориф, собиқадорон ва омӯзгорони фаъол тақдими мукофотҳои давлатӣ,  унвонҳои соҳавӣ ва дигар туҳфаҳо дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ки имсол он ба 6 октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукуҳ таҷлил карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид