Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ таълим бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд.
Ин муассисаи томактабӣ 4 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ифтитоҳ гардид.
Бинои муассисаи таълимии томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 210 кӯдак имконият мавҷуд мебошад.
Ба иттилои масъулин, чунин муассисаи замонавии томактабӣ ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва маърифатнокии насли ояндасози миллат мусоидат мекунад. Инчунин мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон имконияти мувофиқу муосири фаъолият дар шароити деҳотро таъмин менамояд. Дар заминаи бунёд гардидани кӯдакистони нав 40 сокини деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Муассисаи таълимии томактабии «Оиша» дорои ҳуҷраи қабули кӯдакон, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои васеи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ҳар кадоми он мизу ҷевон ва дигар лавозимот муҳайё мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи он мураббиёнро даъват намуданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ба воя расонанд.
Ёдовар мешавем, ки мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






