Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини волоияти Конститутсия – заминаи рушди босуботи давлат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, заминаи устувори рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро фароҳам овард.
«Татбиқи муваффақонаи меъёрҳои Конститутсия ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд. Суди конститутсионӣ ҳамчун ниҳоди мустақили ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши муҳим дорад», — баён карда шуд дар конференсия.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва шиносномаи давлат ба рушди устувори ҷомеа, таъмини амният ва ҳаёти орому ободи мамлакат замина гузоштааст.
Дар идома иштирокчиён дар мавзуъҳои марбут ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, рушди мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маърузаҳои илмӣ намуданд.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






