БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Октябрь 15, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат 102 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Дар мавсими нави ниҳолшинонӣ, яъне аз охири моҳи ноябр дар мамлакат шинонидани 48 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда дар назар аст.

Бояд иброз намуд, ки шинонидани дарахтон дар асоси «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Ба андешаи коршиносон, ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешавад, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуд ҳастанд, ки хушкию гармӣ –офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд.

Қоидаҳои асосие, ки бояд барои шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин чуқурчаҳо барои ниҳол мебошанд, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд на камтар аз 50-60 сантиметр канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан кори баръакси онро иҷро менамоем. Яъне, аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ шимолу ҷануб мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки дарахт бо рӯшноии хуб таъмин карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад