Бо ташаббуси Тоҷикистон ҳамоҳангии талошҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар мубориза бо тундгароӣ баррасӣ шуд

Октябрь 29, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Минск  бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии махсус таҳти унвони «Ҳамоҳангии талошҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар самти рафъи тундгароӣ: хатарҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш дабири кулли СҲШ, роҳбарияти котиботи ИДМ, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва Раёсати зиддитеррористии СММ иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Бахтовар Сафарзода талошҳои Тоҷикистонро, ки ба таҳкими абзорҳои муштараки таъмини амният, такмили чораҳои пешгирикунанда ва рафъи тундгароӣ дар доираи ҳамкории бисёрҷониба равона шудааст, муаррифӣ намуд.

Иштирокдорони ҳамоиш  аҳамияти таҳкими талошҳои муштараки ИДМ, СААД ва СҲШ-ро дар самти рафъи тундгароӣ таъкид карда, роҷеъ ба таҷриба дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда табодули афкор анҷом доданд.  Ҳамчунин  омодагиро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ  дар чорчӯбаи абзорҳои бисёрҷонибаи амниятӣ изҳор доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид