Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Клуби «Волонтёрони экологӣ» бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштирок, ҷалб ва ҳавасмандсозии сокинон дар самти тозагию ободии пойтахт, муносибати оқилонаи аҳолӣ нисбат ба табиат ва пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист таъсис дода шуд.
Таъсиси ин клуб дар робита ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи маърифати экологӣ замина мегузорад. Он инчунин дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдоми созанда ва ташаббускории ҷавонон таъсис ёфтааст.
Мақсади дигари таъсиси Клуби «Волонтёрони экологӣ» бештар доир намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ мебошад. Ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки бо ҷалби васеи ҷавонон ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» амалҳои созандагию бунёдкоронаи оммавӣ гузаронида шуда, атрофи биноҳо ва соҳили рӯду дарёҳо аз партовҳо тоза карда шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






