Дар Челябинск бо иштироки донишҷӯёни тоҷик вобаста ба пешгирии экстремизм ҳамоиш доир шуд

Октябрь 30, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар вилояти Челябинск бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, таҳти унвони «Пешгирии экстремизм дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо ва байнимазҳабӣ, рафтори харобиовар дар байни ҷавонон» ҳамоиш доир  шуд. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсия Русия  хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муҳтаво ва нуктаҳои мубрами Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024  шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.

Дар тамоми суханрониҳо, паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо тамоми мардум Президенти ҷумҳурӣ ҷавонони мамлакатро ба омӯхтани илму дониш, техникаву технология, забонҳои хориҷӣ даъват мекунанд, аз ҷумла иброз доштанд, ки «фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад».

Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд.  Аз ин рӯ,   волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки  ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро чунон бояд тарбия намуд, ки дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистон бештар саҳм гузоранд.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, доир ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Инчунин зимни суҳбат бо донишҷӯён муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тавзеҳ дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд