Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид

Октябрь 21, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 21.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил прокуророни генералии Иттиҳод масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намоянд.

Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ ва «Истиқлол»-ро тамошо менамоянд.

Ҳамзамон дар барномаи консертии ҷашнӣ, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад