Дар Душанбе конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо тасдиқи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он, Тоҷикистон пайваста механизмҳои сиёсӣ ва институтсионалии ҳифзи табиатро рушд дода истодааст, аз ҷумла Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологиро таҳия намудааст. Ин матлаб дар конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси миллӣ намояндагони ҳукумат, парлумон, илм, тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ барои мувофиқа намудани равишҳои таҷдиди Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (СМҲГБ) мутобиқи принсипҳо ва қоидаҳои ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози миллии Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон аст, аз созмондиҳандагони конфронс буд.
Дар конфронси миллӣ масъалаҳои баҳисобгирии гуногунии биологӣ дар стратегияҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақши Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамчун механизми сиёсӣ ва методологияи амалии навсозӣ, масъалаҳои маблағгузории устувор – аз арзёбии хароҷоти миллӣ ва бозтақсимкунии субсидияҳо то истифодаи воситаи BIOFIN ва иштироки бахши хусусӣ баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави таҷдиди стратегияи миллӣ мутобиқ бо ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи глобалии Кунмин-Монреал вобаста ба гуногунии биологӣ то соли 2030 оғоз намудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






