Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода бо Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хонум доктор Ҳала бинти Мазид Ал-Тувайҷирӣ ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Алрешайдон вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушду густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, манфиатҳои оила, занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон, инчунин масъалаҳои ба роҳ мондани табодули таҷриба ва омӯзиши амалияи судӣ байни низомҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба рушду тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ, табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Бо мақсади дастрасӣ ба адолати судӣ дар шакли электронӣ, инчунин ба роҳ мондани табодули таҷриба байни низомҳои судии ду давлат ҷонибҳо барои баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ таклифҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






