Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли равон аз қабули қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:
— Соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш нахустин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.
 Яке аз бахшҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби дуюм мебошад, ки ба ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Мувофиқи моддаҳои 14 то 47, давлат уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ, таҳсил, меҳнат, амвол ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ дода шудааст. Ин меъёрҳо ба санадҳои байналмилалӣ — мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймонҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Яке аз бахшҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби дуюм мебошад, ки ба ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Мувофиқи моддаҳои 14 то 47, давлат уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ, таҳсил, меҳнат, амвол ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ дода шудааст. Ин меъёрҳо ба санадҳои байналмилалӣ — мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймонҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Конститутсия инчунин баробарии ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз миллат, ҷинс, забон, дин ва мавқеи иҷтимоӣ кафолат медиҳад.
Халқи тоҷик қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк менамояд. Озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷчассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст. Ҳамзамон таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ намуд.
Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуд. Инчунин барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Дар ин замина барои расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор бахшид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои мутобиқ намудани Конститутсия ба воқеияти нав, якчанд тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Махсусан пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардид, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд».
Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба ҷои идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта, ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд.
Дар натиҷа Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) муайян гардид. Президенти давлатро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди он гаштем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.
Дар сархати Конститутсия халқи Тоҷикистон қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардидааст. Тоҷикистон дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтааст ва онҳоро татбиқ менамояд.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия Тоҷикистон иштирокчии садҳо санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб шуда, мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон пазируфтаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони муътабари байналмилалӣ аст.
Конститутсия на танҳо санади сиёсиву ҳуқуқӣ, балки китоби ҳаёти шаҳрванд аст. Аз ин рӯ омӯзиши Конститутсия дар мактабҳо ва донишгоҳҳо барои ташаккули маърифати ҳуқуқии насли навин аҳамияти бузург дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд мазмун ва аҳамияти меъёрҳои Конститутсияро донад, зеро фаҳмиши он кафолати эҳтиром ба қонун ва тартиботи ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Конститутсия таҷассуми ормонҳои миллӣ ва пояи устувори давлатдории навини тоҷикон аст. Бо риояи принсипҳои он ҷомеаи мо метавонад ба рушди минбаъда ва адолати иҷтимоӣ ноил гардад.
Дар 31 солагии Қонуни асосӣ мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсия ба пояи устувори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократии кишвар табдил ёфтааст. Эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад, зеро он кафили сулҳ, субот ва пешрафти давлат аст.
АКС: АМИТ «Ховар»









 
						
 БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо 31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст? РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад 26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад 
									 
									 
									 
									 
									





