Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст

Октябрь 8, 2025 13:52

ЛАХШ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ як миллиону 499 ҳазору 600 сомонӣ маблағ пешбинӣ намудааст. То 2 октябри соли равон як миллиону 216 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ин танҳо барои хариди ангишт 984 ҳазору 23 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.

Ба иттилои кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш, муассисаҳои таълимии ноҳия то имрӯз барои давраи тирамоҳу зимистон 500 тонна ангишт, 50 литр сӯзишвории дизелӣ, 330 метри мукааб ҳезум, 10 тонна орд, 800 литр равған, 800 кг биринҷ, 500 кг шакар, 500-килограммӣ картошка, пиёз, сабзӣ ва 400 қуттӣ консерваҳо захира намудаанд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия 706 бухорӣ ва 15 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар 390 метри мукааб шишабандӣ гузаронида шуд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш буғхонаи замонавӣ фаъолият менамояд, ки бо 69 тоннаю 350 кг ангишт ва 15 куб ҳезум таъмин мебошад. Маркази саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия бо 46 гармкунаки барқӣ, 70 бухорӣ ва 85,3 тонна ангишту 15 метри мукааб ҳезум таъмин мебошанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳама ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 пурра омода гардида, ба сохторҳои назоратӣ дар ин самт ҳисобот пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин вобаста ба ин масъала ситоди доимамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш фаъолият дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2025 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар