Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 29, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он масъалаи татбиқи технологияҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи рушди ҷомеаи муосири тоҷик мебошад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад»,-изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи зеҳнии ҷомеа пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад.

Ба андешаи коршинос, таҳлили Паёмҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки Сарвари давлат ба рушди илм, татбиқи технологияҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дастуру супоришҳои дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардидаро, пайваста таҳлил намуда, муайян созад, ки то кадом сатҳ онҳо дар амал татбиқ мегарданд. Дар мавриди мавҷуд будани мушкилоту душвориҳо, Марказ натиҷаҳои таҳлилро дар шакли гузориши таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, то барои беҳтар намудани амалисозии супоришҳо тадбирҳои муасир андешида шаванд.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов иброз дошт, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санадҳои муҳими сиёсӣ самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамоянд. Дар онҳо дастовардҳо ҷамъбаст шуда, ҳадафҳои нав барои рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илм ва маориф мушаххас мегарданд.

Абдураҳмон Қурбонов таъкид кард, ки масъалаи кадрҳои илмӣ ва рушди заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ дар аксари Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инъикос меёбад.

«Дар панҷ Паёми охир Сарвари давлат махсус ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои амалӣ гардидани дастурҳо нақшаҳои мушаххаси давлатӣ таҳия гардидаанд. Ин иқдомҳо ба таҳкими заминаҳои устувори рушди илм ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунанд»,-гуфт коршинос.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо оид ба «Моҳияти иҷтимоию иқтисодии тарбияи кадрҳои илмӣ дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлол ва низоми аттестатсияи кормандони илмӣ-техникии тахассуси олӣ», «Раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон», «Тамоюл ва таҳаввули тарбияи кадрҳои илмӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ: мушкилот ва дурнамо» ва «Баъзе масъалаҳои истифодабарии истилоҳоти илмӣ-соҳавӣ» маърӯзаҳо баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни мизи гирд иброз доштанд, ки яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлолият — тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳаммияти ин масъала барои таъмин намудани муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ шароити заруриро фароҳам овардааст. Маърӯзачиён зарурати таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкории байни сохторҳои илмӣ ва таълимиро таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маърифатро омили асосии давлатсозӣ арзёбӣ намуда, ҳамеша ба рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ, техникӣ ва инноватсионӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид